Australian-Flag

AUSTRALIA – АВСТРАЛИЯ

AUSTRALIA
The Land of Blue Mountains

The Great Barrier Reef on the coast of Queensland is a garden under the sea. There are 1,400 different kinds of fish, and more than 300 kinds of coral. Tropical fruit and flowers grow on the beautiful islands. It’s not surprising that more holiday-makers come to Queensland every year. Tasmania, the island south of Australia, is small. It is the same size as England. It is also very different from the other states. There are no deserts in Tasmania. It often rains, both in winter and summer. Only a half of million people live in Tasmania, and a large part of the island is still covered with wild, beautiful wild forests. These forests are full of wonderful flowers and interesting animals.
In the Northern Territory you will find the red heart of Australia. And it really is red, with red rocks, red sand, and red skies in the evening. Every year, thousands of tourists visit Ayers Rock and a strange group of huge red stones called “the Olgas“. But these places are also holy to the Aboriginals. They believe that the land itself has life.
Sydney is the best known place in New South Wales. In fact, it’s the best known place in Australia. But New South Wales has more than cities. There are, for example, the Blue Mountains. They are covered with forests of blue coloured eucalyptus trees. The air above the forest contains millions of microscopic drops of eucalyptus oil. When the sun shines, the air of the Blue Mountais is a real, beautiful blue.
Less then a hundred years ago, there was nothing except sheep in Canberra. But then Australians decided to build a capital city. The Work began in 1913. Now, Canberra is an international city, full of diplomats and government offices. It’s a beautiful place, with parks, lakes, big open streets and fine buildings.
Australia is sometimes called “the lucky country”. One reason is the wonderful riches under the earth: gold, silver, iron, coal and many precious metals. The Bass Strait, of the coast of Victoria, has been one of the country’s biggest oil fields for many years. South Australia is the dryest of all the states, but it does have Murrey River. The river brings greenness and life to the south-east corner. In the early of Australian history, the Murrey River was South Australia’s main road. Before real roads and railways came, the river carried people and goods from the east up into the country. Some towns on the Murray still keep the old river boats, and visitors can ride on them. There are two kinds of gold in Western Australia. First, there’s real kind – the kind that’comes out of the ground.
Gold was found in Kalgoorlie in 1893, and the “Golden Mile” was for a time the most expensive piece of land in the world. Kalgorlie still exports some gold, but the new gold of Western Australia is wheat. Big farms grow millions of tons of wheat every year, and wheat has become Australia’s second biggest export.

  1. How many kinds of fish are there on the coast of Queensland?
  2. What grows on the beautiful islands?
  3. Where will you find the red heart of Australia?
  4. What is the best known place in New South Wales?
  5. Why is the air above the forests blue?
  6. Why is Australia sometimes called “the lucky country”?
  7. What state is the dryest of all?
  8. What is the new gold of Western Australia?

holiday-maker – рухсатӣ гиранда, ба рухсатӣ бароянда
island – ҷазира
wild – ваҳшӣ
eucalyptus – эвкалипт (як навъи дарахти ҳамешасабз)
riches – ғановат, боигарӣ
industry – саноат
oil – нафт
wheat – гандум

АВСТРАЛИЯ
Сарзамини кӯҳҳояш кабуд

Харсанги калони зериобии барерӣ дар соҳили Квинсленд – боғи зериобӣ аст. Дар он ҷо зиёда аз 1400 навъи моҳӣ ва 300 намуди марҷонро дидан мумкин аст. Дар ҷазираҳои хушнамо меваву гулҳои зебо ба назар мерасад. Табиист, ки ҳар сол дар ин ҷо истироҳаткунандагони зиёд меоянд. Тасмания – ҷазираи на он қадар калон буда, дар ҷануби Австралия ҷойгир аст. Он аз рӯи масоҳат ба мисли Англия аст. Аммо ба иёлоти дигари Австралия монанд нест. Дар Тасмания чӯлу биёбон дида намешавад. Дар фаслҳои зимистону тобистон зуд-зуд борон меборад. Дар Тасмания ҳамагӣ ним миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд ва қисмати калони ҷазираро ҷангали зебои беканор иҳота намудааст. Ин ҷангалҳо пур аз гулҳои зебову ҳайвоноти аҷибовар аст.
Дар шимоли мамлакат маркази сурхи Австралияро мушоҳида кардан мумкин аст. Албатта, он аз харсангҳои сурх, реги сурхрангу шабона осмонаш сурх иборат аст. Ҳар сол, садҳо муҳоҷирон барои тамошои харсанги Эйерс ва галахарсангҳои аҷиби сурхтоби «Олгас» меоянд. Ин ҷойҳо барои сокинони муқимӣ муқаддас аст. Онҳо эътиқод бар он доранд, ки замин низ соҳиби ҳаёт аст.
Сидней шаҳри бонуфузи Уелси нави ҷанубӣ аст. Дар ҳақиқат, он машҳуртарин шаҳри Австралия ба ҳисоб меравад. Лекин дар Уелси нави ҷанубӣ на танҳо метавон шаҳрҳоро мушоҳида кард. Масалан, дар ин ҷо кӯҳҳои кабудро дидан мумкин аст. Онро ҷангали кабудтоби пур аз дарахти эвкалипт иҳота намудааст. Ҷангалро ҳавои пур аз қатраҳои равғани эвкалипти ниҳоят хурд иҳота намудааст. Вақте ки офтоб медурахшад, барҳақ ҳавои кӯҳҳои кабудтоб чун кабуди ғайриоддӣ вонамуд мешавад.
На кам аз 100 сол қабл дар Канберра ба ҷуз гӯсфанд чизе ба назар намерасид. Аммо баъдан мардуми Австралия қарор намуданд, то ки пойтахт барпо кунанд. Ин амалиётро дар соли 1913 оғоз намуданд. Ҳоло Канберра шаҳри байналмиллалӣ ба ҳисоб рафта, дар он сафоратхона ва муассисаҳои давлатӣ ҷойгир аст. Он ҷои зебо буда, инчунин соҳиби чорбоғу кӯл ва кӯчаҳои васеъву биноҳои зебо аст.
Баъзан Австралияро мамлакати хушбахт мегӯянд. Яке аз омилҳои он захираҳои зеризаминӣ буда, аз ҷумла тилло, нуқра, оҳан, ангишт ва металҳои бешумори қиматбаҳо ба назар мерасад.  Гулӯгоҳи танги Басса дар соҳили Виктория ҷойгир буда, солҳои тӯлонӣ яке аз конҳои калонтарини нафт ба ҳисоб мерафт. Австралияи ҷанубӣ нисбат ба дигар иёлотҳо қисмати беоби мамлакат ба шумор рафта, лекин дар он ҷо дарёи Муррей воқеъ аст. Дар қисмати ҷанубу шарқии мамлакат дарёи номбурда кабудӣ ва ҳаёт меорад. Дар оғози таърихи Австралия дарёи Муррей роҳи асосии Австралияи ҷанубӣ ба ҳисоб мерафт. То пайдо шудани роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, мардум ба тариқи обӣ моли хешро аз қисмати шарқии мамлакат мекашониданд.  Дар баъзе шаҳрҳое, ки аз он дарёи Муррей мегузарад, қаиқҳо боқи мондааст ва ашхоси омада метавонанд ба он савор шаванд. Дар Австралияи ғарбӣ ду навъи тиллоро мушоҳида намудан мумкин аст. Навъи аввал – ин тиллои ҳақиқӣ буда, онро аз қишри замин берун меоранд.
Дар соли 1893 дар Калгурли тилло ба даст омад ва «Мили тиллоӣ» қисмати аз ҳама гаронбаҳои олам ба ҳисоб мерафт. Калгурли ҳанӯз тилло содирот мекунад, аммо тиллои нави Австралияи ғарбӣ – гандум аст. Фермаҳои зиёди Австралия ҳар сол миллионҳо тонна гандум парвариш мекунад, зеро он содироти дувум ва муҳими маҳсулоти Австралия ба шумор меравад.

Leave A Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *