Australian-Christmas

CHRISTMAS IN AUSTRALIA – ИДИ МАВЛУДИ ИСО ДАР АВСТРАЛИЯ

CHRISTMAS IN AUSTRALIA

Most Australians have been dreaming of a white Christmas for centuries. But the traditional European Christmas is just a myth for Australians. Santas wearing thick woollen clothes don’t fit with Australia’s thirty-degree heat. Thankfully things are changing fast. Now they have their own Christmas, Australian style. Australia is a country which is largely made up of desert and sandy beaches. For the first settlers, two hundred years ago, a plate of corned meat and a mug of billy tea might have been the best Christmas dinner available. As a new nation developed and grew richer, people tried to recreate the kind of Christmas that they used to have in Europe.
Christmas in Australia happens in the summer. However, we tried our best to deny the reality of a summer Christmas. In the class-room, children learned songs like Frosty the Snowman and Jingle Bells. Up until recently, the only Christmas cards published portrayed white winter Christmases. All this was a bit ridiculous in a country where 80 per cent of the land has never witnessed a snowflake, even in winter.
However, the last ten years have witnessed some big changes in the Australian lifestyle. Many Australians now believe that the country should break its connections with Britain and the British Queen.
Now Australians see themselves as inhabitants of the Asia Pacific region. So now Christmas has got an Australian identity. It’s rare to find a flake of snow on Christmas cards these days. Now the publishers print Christmas cards with native Australian animals and landscape scenes of the Australian bush.
On Christmas day you’ll find a large percentage of kids on the beach playing with their new surfboards, building sandcastles rather than snowmen. Indeed one of the most typical Australian Christmas presents is a beach towel. It’s not only with food and gifts that Australian Christmases differ from European ones. Because of the weather, the atmosphere of Christmas is different.
Instead of being a serious time where most families are indoors, Australians are usually outdoors in shorts and Tshirts, taking a cold six-pack of beer to a friend’s barbecue. There are loads of summer festivals with people celebrating Christmas in carnival style.
What is unique though is something that most Australians are starting to dream of. That is a Christmas of sunshine, surf and sand. Although to many Europeans this may seem strange, to many Australians it’s now the only Christmas worth dreaming of.

  1. What have most Australians been dreaming of for centuries?
  2. Who doesn’t fit with Australia’s thirty-degree heat?
  3. What did people try to recreate?
  4. What did Christmas cards portray up until recently?
  5. What do the publishers print Christmas cards with?
  6. What is one of the most typical Australian Christmas presents?
  7. What do Australians do on Christmas day?

myth – афсона, асотир
desert – саҳро, биёбон, чӯл, дашт
to recreate – дам гирифтан, ҳаловат бурдан, вақтхушӣ кардан, вақтро бо хурсандӣ гузарондан
to portray – расм кашидан, тасвир кардан
snowf lake – барфак, зарраи барф
to dream of – орзу кардан, ният кардан, умед доштан

ИДИ МАВЛУДИ ИСО ДАР АВСТРАЛИЯ

Ағлаби мардуми Австралия таҷлили иди Мавлуди Исоро бо барф орзу мекунанд. Аммо иди анъанавии аврупоии Мавлуди Исо барои халқи Австралия афсона аст. Санта Клаус бо либоси ғавси пашмин дар Австралияи ҳавояш 30 дараҷа гарм тасаввурнопазир аст. Лекин боиси шукрона аст, ки ҳама чи тағйир ёфта истодааст. Имрӯз, мардуми Австралия иди Мавлуди Исоро ба таври худ ҷашн мегиранд. Австралия – мамлакатест, дорои биёбону соҳили баҳри пур аз регзор. Дусад сол қабл барои муҳоҷирони аввалин, хуриши гӯшти намакин ва 1 зарф чой афзал буд. Аммо бо инкишофи миллати нав ва рушди сатҳи зиндагӣ, мардум кӯшиш мекарданд, то ки ҳангоми ҷашни иди Мавлуди Исо хушҳолӣ кунанд, яъне ба мисли он ки гӯё дар Аврупо ҷашн мегиранд.
Дар Австралия ҷашни Мавлуд ба фасли тобистон мувофиқ меояд. Лекин мардуми Австралия комилан ҷашни тобистонаро инкор мекунанд. Дар мактабҳо талабагон суруди «Бобои барфӣ» ва «Садои гули момо»-ро мехонанд. То имрӯз дар оғози тантанаи иди Мавлуди Исо расму тасвирҳо бахшида ба иди зимистона ба назар мерасид. Ин ҳама намоиши расвирҳо дар дохили мамлакат хуб набуд, зеро дар 80 % (фисад)-и марзи мамлакат ҳанӯз барф наборида буд ва ҳатто дар фасли зимистон низ.
Аммо дар даҳсолаи охир дар ҳаёти мардуми Австралия тағйирот ба вуҷуд омад. Ағлаби мардуми Австралия чунин меҳисобанд, ки бояд мамлакат аз Бритониёи кабир робитаҳоро канда кунад.
Имрӯз, халқи Австралия худро истиқоматкунандаи минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором меҳисобанд. Бинобар ин, иди Мавлуди Исо хусусияти австралиягӣ пайдо кардааст. Ҳоло дар арафаи ҷашни иди Мавлуди Исо барфак кам ба назар мерасад. Дар нашриёт руқъаҳоро бо расмҳои ҳайвоноти Австралия ва манзараи пур аз набототи кишвар ба табъ мерасонанд.
Дар рӯзҳои иди Мавлуди Исо кӯдакони зиёдеро дар соҳили баҳр мебинем, ки дар рӯи тахта барои серфинг сайр мекунанд ва аз рег қасрҳо бино мекунанд, аммо на ин ки бобои барфӣ. Дар ҳақиқат, дар арафаи иди Мавлуди Исо тақдими сачоқ дар соҳили баҳр, дар Австралия тӯҳфаи арзанда аст. Лекин иди Мавлуди Исои Австралия аз иди Аврупо на танҳо бо навъҳои хӯриш ва тӯҳфа тафовут дорад, балки муҳити атроф низ куллан фарқ мекунад.
Мардуми Австралия ҳангоми ҷашн дар хона мисли аксари оилаҳо қарор намегиранд, балки одатан бо шими кӯтоҳ ва футболка дар муҳити кушод сайругашт мекунанд. Инчунин, барои зиёфат бо қуттии пивои хунук дӯстонро зиёрат мекунанд. Дар мамлакат фестивалҳои гуногун баргузор мегардад, ки дар он иди Мавлуди Исоро мардум бо карнавал ҷашн мегиранд.
Хоҳиши бетакроре, ки ағлаби мардуми Австралия доранд – ин ҷашни иди Мавлуди Исо дар рӯзи офтобӣ, иҷрои серфинг ва бо рег кор кардан аст. Чунончи он хоҳишот барои аксари мардуми Аврупо ғайриоддӣ вонамуд шавад, аммо ҳоло барои ағлаби аҳолии Австралия ҷашни иди мазкур орзуи дерина аст.

Leave A Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *