Lesson-12

Online English lessons. Class 12 – Дарсҳои забони англисӣ дар пахши мустақим. Дарси 12

Ҷумлаҳои саволū. Interrogative sentences
Машқи фонетикӣ:

[ɔ] – want, long, sorry

[ou] – know, slow

[ɔ:] – short, wall, forty

[i:] – see, evening, eat

[auə] – hour

[a i] – night, by, life.

Машқи лексикӣ:
    1. Are you ready for the lesson?
    2. What is your homework for today?
    3. Is the text “My relatives” difficult?
    4. How many lessons have you today?
    5. Have you any questions?
    6. Ask your friend (the student on your left/right) if he is ready for the lesson.

Умуман, дар  забони англисӣ 4 навъи ҷумлаҳои саволӣ дида мешавад. Саволҳои умумӣ,  махсус,  интихобӣ ва саволи ҷудоӣ. Муҳимтарин  навъи саволҳо умумӣ ва махсус мебошад.

Саволҳои умумӣ. General questions

Ин гуна саволҳо аз шахси ҷавобгӯ  ҷавоби мусбӣ ё манфӣ талаб мекунад, калимаҳои саволӣ талаб намекунад,бештар ҷавобгӯ (ҳа)-yes: (не)-no, ҷавоби кӯтоҳ медиҳад

Саволҳои махсус. Special questions

Савол ба хар  аъзоёни чумла( сараъзо ё аъзои пайрави ҷумлаъ) гузошта мешавад. Он  бо  ҷонишинҳои  саволӣ сар шуда,ба онҳо ҷавоби кӯтоҳ (yes),(no)дода намешавад.Пас аз ҷонишинҳои саволӣ, феъли ёрирасон,  мубтадо, хабар, пуркунанда ва ҳол меояд, яъне ҷои мубтадо дар ҷумла дигар намешавад ва бо оҳанги паст талаффуз карда мешавад.

Ҷонишинҳoи саволӣ.  Interrogative  sentences
Ин калимаҳои саволиро дар хотир нигоҳ доред.
Who – Кӣ?

What? – Чӣ?

When? – Кай?

How many? –Чи кадар?

Whom?  -Ба кӣ?

Киро?

How old?- Чанд сола?

What ? What kind of? – Кадом?Чи хел?

Why? – Барои чи?

How much? – Чанд-то? Чи қадар?

Whose? – Аз они кӣ?

Where? – Дар куҷо? Ба куҷо?

Which – Кадом? Кадоме аз?

 How?   – Чи хел,тавр?

How long – (Ин) Чи қадар дур?

How soon?-Чӣ … зудтар?

How far? Чӣ қадар дур?                         How often? Чанд бор?

Саволи умумӣ бо феъли ёбари Do
Феъли ёридиҳандаМубтадоХабарПуркунанда    Хол
 

Do

 

Does

Youlivein Khujand.
youlivein Khujand?
Shelikesher profession.
shelikeher profession?
Саволи махсус.   Special questions
Калимаи саволӣФеъли ёридиҳандаМубтадоХабарПуркунанда Хол
Youreadbooksat homein the evening.
WhatdoYouread_______at homein the evening?
Wheredoyoureadbooks_______in the evening?
WhendoYoureadbooksat home______
Савол ба мубтадо (Who? What?)

He reads books at home in the evening.

– Who reads books at home in the evening?

The book is on the table.

– What is on the table?

Баъд аз ҷонишини саволии “who?” ва “what?” феълҳо дар замони ҳозира дар шахси 3-юми танҳо меоянд.

Ҷонишини саволии  Why? ба ҳоли сабаб монда мешавад.  Барои ифодаи сабаби амал  калимаи because кор фармуда мешавад. Why are you not ready for the lesson?Why can’t you come to classes?

Ҷонишинҳои саволии  Where? When? дар ҷумла ба холи макон ва холи замон монда мешавад.

Where do you study? When do you get up?

Ҷонишини саволии  What? ( Чи? Чи хел?) ба пуркунанда монда мешавад. Ҷонишини саволии What kind of? Чи гуна? ба муайянкунандаи пуркунанда монда мешавад.

Ҷонишини саволии Which of you? Which ? Кадоме аз? Кадом? ба мубтадо монда мешавад.

Which of you can dance well? Which of you likes animals?

Вақте, ки сухан дар бораи номи предмет(ашъё) меравад ,what  ва исм истифода мешавад.

What day is it today? What time shall I call you?

Вақте, ки сухан дар бораи аломати предмет(ашъё) меравад What kind of ва исм истифода мешавад.

What kind of book do you like to read? What kind of film do you like best?

Ҷонишинҳои саволии How? How soon? How far? How often? ба холи тарзи амал монда мешавад.

How do you know about it? How do you spell this word? How can you get to   the Institute? How far is a station? How often do you have English lessons?

Ҷонишинҳои саволии How many? How much? барои муайян кардани миқдор гузошта мешавад. How many times do they have English lessons? How much is that bag?

Ин калимаҳои саволиро дар хотир нигоҳ доред.

Саволҳои интихобӣ.  Alternative  questions

Ин гуна саволҳо аз ду қисм иборат буда,бо ёрии  пайвандаки or ( ё) пайваст мешаванд.Оғози  саволи интихобӣ мисли саволи умумӣ аст.

Are you a student or a pupil? Do you work or study?

Is it abook or a notebook? Do you like tea or coffee?

Is it difficult to learn English or do you find it easy?

Do you live in Dushanber or in Khujand?

Саволҳои ҷудоӣ. Disjunctive  question

Агар қисми якуми ҷумла чун  ҳикоягӣ ояд, қисми дуюми он дар шакли  инкорӣ меояд. Масалан. Akmal is a student, isn’t he? We study at the Institute, don’t we?

Агар қисми якуми ҷумла ба шакли  инкорӣ  ояд, қисми дуюми он чун ҳикоягӣ меояд.

Ahmad has not(got) a test on Monday, has he?We don’t go to the library,do we?

Машқҳои грамматикӣ:
1.Савол гузоред:

а) саволи умумӣ; б) савол ба хабар; в) савол ба ҳамаи аъзоёни чумла.

      1. My father works at a hos
      2. I go to the technical school.
      3. We have grandparents.
      4. He is a worker.
      5. My sister combines her work and her studies.
2.Намуди ҷумлаҳои саволиро муайян намоед.
      1. Do you work at factory? 2. Are you a student? 3. Where do you live? 4.How many brothers have you? 5. Does he like fishing. 6. What is his hobby? 7. Do you play the guitar?
Cаволҳо барои санҷиш
      1. Кадом навъи саволҳоро медонед?
      2. Саволи умумӣ чист?
      3. Саволи махсус чист?
      4. Ҷонишин ва ҳиссачаҳои саволиро номбар кунед.

Агар савол ба мубтадо дода шавад,баъд аз ҷонишини саволии who? ва what? феълхо дар кадом шахс меояд? Оё дар ин холат феъли ёридиҳанда истифода  мешавад?

toefl.sutoefl.su

Лутфан аз таваҷҷӯҳатон сипосгузорем ва умедворем, ки дар ҷодаи омузиши забони англисӣ андаке бошад ҳам маводу дарсҳои сомонаамон ба Шумо мусоидат кард. Хонандаи мӯҳтарам, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки ин сахифаро бо дӯстони худ дар шабакаҳои иҷтимоии поёномада бо дӯстону пайвандони худ боҳам бинед (тугмачаҳои шабакаҳои иҷтимоиро “поделиться” кунед).

Leave A Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *