Conan-Doyle

CONAN DOYLE – КОНАН ДОЙЛ

CONAN DOYLE

Many years ago a young doctor began to write stories about a man who was a detective. Readers liked his stories because they were very interesting and the doctor decided to become a writer. The doctor was Conan Doyle and he wrote about Sherlock Holmes. Conan Doyle wrote his first story about Sherlock Holmes in 1887. In this story the detective meets his friend Dr. Watson. Holmes and Watson lived at 221 В. Baker Street in London. Many discussions take place about where 221 В was. There is no house there now. But a large company has its office near the place. This company answers twenty or so letters which still come every week to Sherlock Holmes, 221 В Baker Street. Most come from the United States and many people ask if Mr. Holmes can help them with some problem.
The company answers saying that, “Mr. Sherlock Holmes is no longer working as a detective“. There is a pub in London called Sherlock Holmes. One of the rooms in the pub is Sherlock Holmes’ room. It has many things the room in Conan Doyle’s stories had – Holmes’ hat, some letters written to Sherlock olmes, hairs and tables like those described in the stories. Besides, there are some pictures of Holmes and Conan Doyle, of actors who played Holmes and Watson in films, on television and radio.
In 1961 lovers of Sherlock Holmes formed the Sherlock Holmes Society. They meet three or four times a year to talk about Sherlock Holmes. The members of the Society know the stories about Sherlocki Holmes very well, and they discuss these stories at their meetings.

  1. Why did readers like Conan Doyle’s stories?
  2. When did Conan Doyle first write about Sherlock Holmes?
  3. What did lovers of Sherlock Holmes form?
  4. What do the lovers of Sherlock Holmes do at their meetings?

discussions – муҳокима, баҳсу мунозира
to take place – рӯй додан, воқеъ шудан, ба вуқӯъ пайвастан, иттифоқ афтодан

КОНАН ДОЙЛ

Якчанд сол қабл табиби ҷавоне дар бораи муфаттише ҳикоянависиро оғоз намуд.  Ҳикояҳои ӯ писанди хонандагон гардид, зеро он шавқовар буд ва табиб хост, то ки нависанда шавад.  Он табиб – Конан Дойл буд ва ӯ дар бораи Шерлок Холмс ҳикоя навишта буд. Конан Дойл аввалин ҳикояро перомуни Шерлок Холмс дар соли 1887 навишт. Дар ҳикояи мазкур муфаттиш ҳамкораш табиб Ватсонро вомехӯрад. Холмс ва Ватсон дар кӯчаи Бейкер-стрити шаҳри Лондон дар хонаи 2216 зиндагӣ мекарданд. Оид ба мавқеи хонаи 2216 муҳокимаи зиёд ба назар мерасад. Ҳоло дар ин ҷо биное ба чашм намерасад. Аммо дар назди ин ҷой бинои калони ширкате воқеъ аст. Дар нишонии ширкат ҳар ҳафта тахминан 28 мактуб ба номи Шерлок Холмс, Бейкер-стрит, хонаи 2216 меояд ва ширкат ба он ҷавоб мегардонад. Аксари мактубҳо аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико меояд. Бештари мардум барои ҳалли баъзе масъалаҳо аз Шерлок Холмс ёрӣ мепурсанд.
Ширкат ба соҳиби мактубҳо чунин посух медиҳад, ки ҷаноб Шерлок Холмс ба ҳайси муфаттиш фаолият намекунад. Дар Лондон пивохонае воқеъ аст, ки «Шерлок Холмс» ном дорад. Яке аз ҳуҷраҳои пивохонаи мазкур ба Шерлок Холмс тааллуқ дорад. Дар дохили ин ҳуҷра ашёи зиёде, ки дар ҳикояи Конан Дойл иттиллоъ дода шудааст, ба назар мерасад, аз ҷумла кулоҳи Холмс, якчанд мактубе, ки ба унвони Шерлок Холмс омадааст, курсиву миз ва ғайра. Ба ҷуз ин ашё, чанд сурати Холмс ва Конан Дойл, инчунин актёроне, ки роли Холмс ва Ватсонро дар филмҳои ҳунарӣ, телевизион ва радио бозидаанд, ба мушоҳида мерасад.
Дар соли 1961 мухлисони Шерлок Холмс ҷамоати «Шерлок Холмс»-ро ташкил карданд. Онҳо дар як сол се ё чаҳор маротиба вомехӯранд, то ки дар бораи Шерлок Холмс сӯҳбат кунанд. Аъзоёни ҷамоат ҳикояҳои Шерлок Холмсро хуб медонанд ва ҳангоми ҷаласа муҳокима мекунанд.

Leave A Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *