communication-english

ENGLISH IS THE LANGUAGE OF COMMUNICATION – ЗАБОНИ АНГЛИСӢ – ЗАБОНИ МУОШИРАТ

ENGLISH IS THE LANGUAGE OF COMMUNICATION

Do you speak English?” – with this phrase begins the conversation between two people, that speak different languages and want to find a common language. It’s very good when you hear: “Yes, I do”, and start talking. People of different countries and nations have to get along well with the progress in world trade and technology as well as with each other.
So it is very useful to learn foreign languages. Knowledge of foreign languages helps us to develop friendship and understanding among people. English is very popular now. It’s the language of computers, science, business, sport and politics. It’s spoken all over the world. It is the official language of the United Kingdom, Ireland, the United States of America, Canada, Australia. There are more than 750 million speakers of English in the world.
Speaking a foreign language you can read papers, magazines and original books by great writers, watch satellite TV Programs. If you like travelling you can go anywhere without being afraid that other people will not understand you. English is very important to find a good job.

  1. Do you like to speak English?
  2. How many years did you study English?
  3. Is it useful to learn foreign language?
  4. Is English the official language in the U.S.A.?
  5. Does English help you to make friends?

conversation – гуфтугӯ, гуфту шунид, гап, сӯҳбат, мусоҳиба
common – умумӣ, умум
world trade – савдои ҷаҳонӣ
to get along with – ба тартиб овардан, дуруст кардан, соз (ҷӯр) кардан, ба соз даровардан
foreign – хориҷӣ, аҷнабӣ
to develop – ташаккул ёфтан, рушд кардан, ривоҷ ёфтан, такомул, пеш рафтан, тараққӣ кардан, татаввур, инкишоф ёфтан
science – илм
satellite – моҳвора, радиф
to be afraid – тарсидан, ваҳмидан, бим доштан, ҳаросидан, хавф бурдан, хавотир шудан

ЗАБОНИ АНГЛИСӢ – ЗАБОНИ МУОШИРАТ

 “Шумо бо забони англисӣ ҳарф мезанед?” – бо чунин ҷумла муоширати байни одамоне, ки бо забонҳои мухталиф сухан мегӯянд ва мехоҳанд бо ҳамдигар забони умумӣ барои муошират пайдо кунанд, шурӯъ мешавад. Хуб мешуд, агар дар посух шумо вожаи “бале”-ро қабул кунед ва гуфтугӯро оғоз намоед. Аҳолии кишварҳои мухталифи олам бояд дар ҷаҳони мутараққӣ ва тиҷоративу технологӣ, зиндагӣ ва бо ҳам муносибат кунанд.
Аз ин рӯ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ басо муфид аст. Донистани забони хориҷӣ барои мустаҳкам намудани дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ кӯмак мекунад. Имрӯз забони англисӣ хеле маъруф аст. Ин забони компутер, илм, тиҷорат, варзиш ва сиёсат аст. Ба забони англисӣ дар тамоми олам сӯҳбат мекунанд. Ин забони расмии Шоҳигарии Муттаҳида, Ирландия, ИМА, Канада, Австралия мебошад. Беш аз  750 миллион аҳолӣ бо забони англисӣ сӯҳбат мекунанд.
Зимни сӯҳбат бо забони англисӣ мумкин аст, ки рӯзнома, маҷалла ва осори нависандагони бузургро бо забони асл мутолиа намуда, барномаҳоро тариқи моҳвора тамошо намоед. Агар саёҳатро дӯст доред, метавонед ба ҳар ҷое ки хоҳед бидуни тарс сафар намоед. Донистани забони англисӣ чунон муҳим аст, ки тавассути он кор пайдо намудан низ осон аст.

Leave A Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.