foreign-languages

FOREIGN LANGUAGES IN OUR LIFE –  ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ҲАЁТИ МО

FOREIGN LANGUAGES IN OUR LIFE

Learning a foreign language isn’t an easy tiling. Nowadays it’s especially important to know foreign languages. Some people learn languages because they need them for their work, others travel abroad, for the third studying foreign languages is a hobby. Everyone, who knows foreign languages can speak to people from other countries, read foreign authors in the original, which makes your outlook wider.
I study English. It’s a Long and slow process that takes a lot of time and efforts. Over 300 million people speak it is as a mother tongue. The native speakers of English live in Great Britain, the United States of America, Australia and New Zealand. English is one of the official languages of the United Nations Organization and other political organizations.
English language is a wonderful language. It’s the language of the great literature. It’s the language of William Shakespeare, Charles Dickens and others. Half of the world’s scientific literature is in English. It’s the language of computers technology. The great German poet Goette once said, “He, who knows no foreign language, doesn’t know his own one”. That’s why in order to understand oneself and environment one has to learn foreign languages. I think, that to know English today is absolutely necessary for every educated man, for every good specialist.

  1. Is it an easy thing to learn a foreign language?
  2. Why do people learn foreign languages?
  3. Do you know any foreign language?
  4. Where do the native speakers of English live?
  5. What can you say about English language?

author – муаллиф
outlook – доираи назар, дараҷаи дониш, савияи фаҳм
official – расмӣ, асл
mother tongue – забони модарӣ
effort – кӯшиш, саъй, саъю кӯшиш, зӯрзанӣ, ҷидду ҷаҳд

 ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ҲАЁТИ МО

 Омӯхтани забони англисӣ кори саҳл нест. Имрӯз донистани забонҳои хориҷӣ муҳим аст. Баъзе ашхос забонҳои хориҷиро барои он меомӯзанд, то ки соҳиби кор гарданд, дигарон мехоҳанд сафар кунанд, боқимонда ҳамчун машғулияти дӯстдошта. Ҳар касе, ки забонҳои хориҷиро медонад, бо мардуми кишварҳои мухталиф муошират намуда, осори адибони хориҷиро дар забони асл мутолиа намуда, ҷаҳонбинии хешро васеъ мегардонад.
Ман забони англисӣ меомӯзам. Ин раванди тӯлонӣ ва оҳиста буда, вақт ва қувваи калон талаб мекунад. Беш аз  300 миллион аҳолӣ ҳамчун забони модарӣ ба он гуфтугӯ мекунад. Соҳибони забони англисӣ дар Инглистон, ИМА, Австралия ва Зеландияи нав истиқомат мекунанд. Забони англисӣ забони расмии СММ ва дигар ташкилотҳои сиёсӣ мебошад.
Забони англисӣ забони ҷолиб аст. Ин забони адабиёти бузург аст. Он забони Вилям Шекспир, Чарлз Диккенс ва дигарон мебошад. Нисфи адабиёти илмии ҷаҳон бо забони англисӣ рӯи кор омадааст. Ин забони технологияи  компутерист. Шоири маъруфи олмонӣ Гёте боре гуфта буд: “Касе, ки забони хориҷиро намедонад, ҳатто забони худро намедонад”. Зеро, агар худ ва атрофиёнро бифаҳмӣ, донистани забонҳои хориҷӣ лозим аст. Ба андешаи ман, донистани забони англисӣ ҳоло барои ҳар инсони соҳибмаълумот ва мутахассис зарур аст.

Leave A Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.