Jerome-K.-Jerome

JEROME К. JEROME – ҶЕРОМ К. ҶЕРОМ

JEROME К. JEROME

In the history of English literature Jerome K. Jerome occupies a modest place. He cannot be compared with Dickens, Thackeray, or Bernard Shaw, but he is well known as a writer-humorist not only in his country but in another countries too. Jerome Klapka Jerome was born in England on May 2, 1859 into the family of ruined businessman. Jerome’s childhood was poor and sad. He could not finish school because his father died in 1871 and the boy had to begin working to support his family. First he worked as a clerk. Later he took up teaching journalism and acting. For three years he was an actor and had to play different parts. He had very little money and often went hungry and had no place to sleep.
In his free moments Jerome tried to write. He wrote plays, stories and articles, but nothing was published. His first literary success was a one-act comedy which was performed in the Globe theatre in London in 1886.
In 1889 a collection of his articles was published. They were published as a book under the title “The Idle Thoughts of an Idle Fellow“. This book became very popular in England, and it was published 105 times in 4 years. In 1889 Jerome’s best book “Three Men in a Boat” also came out. “The Idle Thoughts of an Idle Fellow” and “Three Men in a Boat” made the author famous. The books were translated into several European languages. In the following years Jerome published several books and plays. He went travelling all over Europe and in 1899 he visited St. Petersburg, where he was met with enthusiasm. He knew Russian literature very well. Jerome K. Jerome also wrote serious books, but the public didn’t like them. He criticized German imperialism and the policy of Britain in China. Jerome’s last book was his autobiography “My Life and Time“. He died in 1927.
The works of Jerome are full of humour and they can’t but amuse the reader.

  1. When and where was Jerome K. Jerome born?
  2. What was his father?
  3. How old was the boy when he began to work?
  4. What was Jerome’s first profession?
  5. What did he do in his free moments?
  6. What did he try to write?
  7. What book was his first literary success?
  8. What was Jerome’s best book that made him famous?

modest – хоксор, фурӯтан, шикастанафс, ноарзанда
to compare – муқоиса кардан, қиёс намудан
to ruin – вайрон (хароб) кардан
to be a success – муваффақият ба даст даровардан, комёб шудан, муваффақ шудан
to amuse – хандонидан, андармон кардан, хушҳол кардан

ҶЕРОМ К. ҶЕРОМ

Дар таърихи адабиёти англис Ҷером К. Ҷером мавқеи андакеро ишғол мекунад. Ӯро бо Диккенс, Теккерей ва Бернард Шоу муқоиса кардан нодуруст аст, аммо ӯ нависанда ва ҳаҷвнигори шинохтаи на танҳо ватани худ, балки дигар мамлакатҳо аст. Ҷером Клапка Ҷером дар таърихи 2-уми январи соли 1859 дар оилаи тоҷири харобшуда, дар шаҳри Эдинбург ба дунё омадааст. Давраи кӯдакии Ҷером қашшоқона ва нохуш гузаштааст. Ӯ мактабро анҷом дода натавонист, зеро  падараш дар соли 1871 вафот кард ва ӯ маҷбур шуд, то ки худ кор карда, оиларо таъмин намояд.  Нахуст ба ҳайси хизматчӣ фаолият кард. Сипас, бо таълими рӯзноманигорӣ ва маҳорати актёрӣ машғул шуд. Дар муддати 3 сол ҳунарманд буд ва ролҳои мухталифро бозид. Ӯ соҳиби сармояи хурд буд, зуд-зуд гурусна мемонд ва ҷои хоб надошт.
Ҳангоми фориғ будан, бо навиштан машғул мешуд. Ӯ песа, ҳикоя ва мақола таълиф намуд, лекин ҳеч яки он ба нашр нарасид. Аввалин комёбии адабии ӯ мазҳакаи якпардагӣ буд, ки дар театри «Глобус»-и шаҳри Лондон санаи 1889 ба намоиш гузошта шуд.
Дар таърихи 1889 маҷмуаи мақолоти Ҷером ба нашр расид. Маҷмӯаи мазкур таҳти унвони «Афкори беҳудаи шахси бекор» интишор шуд. Китоби номбурда дар Англия хеле оммавӣ гашт ва дар тӯли чаҳор сол 105 маротиба нашр намуданд. Дар соли 1889 китоби беҳтарини Ҷером бо номи «Се нафар дар қаиқ» ба табъ расид. «Афкори беҳудаи шахси бекор»ва «Се нафар дар қаиқ» ба муаллиф шӯҳрат бахшид. Кутуби мазкур ба якчанд забонҳои аврупоӣ тарҷума шуд. Солҳои баъдӣ, Ҷером якчанд китоб ва песа ба нашр расонид. Ӯ барои саёҳат ба Аврупо раҳсипор шуд ва дар соли 1899 ба шаҳри Санкт-Петербург меҳмон гардид ва ӯро бо рӯҳияи баланд пешвоз гирифтанд. Ӯ адабиёти русро хуб омӯхта буд. Афзун бар ин, Ҷером К. Ҷером китобҳои душворфаҳм эҷод кардааст, ки хонандагон онро написандидаанд. Ӯ империализми немис ва сиёсати Бритониёро нисбати Хитой нақд намудааст. Китоби охирини Ҷером асари автобиографӣ буда, «Аҳвол ва рӯзгори ман» ном дорад. Ӯ дар таърихи 1927 вафот кардааст.

Осори Ҷером саршор аз ҳаҷву мазҳака аст ва хонандаро ҳатман хушнуд мегардонад.

Leave A Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *