Michael-Faraday

MICHAEL FARADAY – МАЙКЛ ФАРАДЕЙ

MICHAEL FARADAY

Michael Faraday is one of the great scientists in the history of man’s work in electricity. He was born in a small village near London on September 11, 1791, in a poor family. His family lived from hand to mouth. At the age of thirteen Michael went to work in a bookbinder’s shop, because he didn’t have much schooling. Some of the scientific works and articles which passed through his hands aroused his interest in science and he started to read.
Some time later Michael became a pupil of great scientist of that time, Sir Humphry Davy. The boy accompanied Davy in his trips to Europe. The educational value of such trips Was great. Among great men of science Faraday met Ampere, who had already made a name for himself in the history of electricity. Today almost all the electricity we use is. generated by great machines with magnets in them, but in those days no one knew how to do it. That’s why the English scientist danced with delight on his table when he got what he wanted by moving the magnet near wire. This was a great moment in the history of man’s electrical experiments. But Faraday didn’t stop at this. Faraday’s scientific interests were varied. He made new kind of glass and a new kind of steel. Faraday made about two thousand difficult experiments and made countless discoveries in chemistry and physics. He made a wonderful machine which was the father of all the great machines that make electricity today. They light and heat our houses and they make our radio-sets work. Michael Faraday was the creator of the electric motor, who ushered us in the electrical age which had changed the face of the earth.

  1. Who is the creator of the electric motor?
  2. Why did Michael have to work in a bookbinder’s shop?
  3. Was he a pupil of Humphry Davy or Ampere?
  4. What was the greatest discovery of Faraday?
  5. Faraday made about two thousand difficult experiments, didn’t he?

to live from hand to mouth – нимгурусна зиндагӣ кардан
to arouse – барангехтан, бедор кардан, ба вуҷуд овардан, ба ҳаракат овардан, шӯрондан
bookbinder – муқовасоз, ҷилдсоз, саҳҳоф, веростор
value – нарх, баҳо, арзиш, қимат
creator – эҷодкор, офаринанда
to usher – дохил кардан, ворид намудан, даровардан

МАЙКЛ ФАРАДЕЙ

Майкл Фарадей як аз олимони бузурги соҳаи қувваи барқ дар таърихи инсоният ба шумор меравад. Ӯ дар таърихи 11 сентябри соли 1791 дар деҳаи хурди наздики Лондон дар оилаи камбизоат ба дунё омадааст. Оилаи ӯ дар гуруснагӣ рӯз мегузаронид. Майкл дар синни 13-солагӣ барои кор дар мақозаи саҳҳофӣ рафт, зеро соҳиби маълумот набуд. Баъзе рисола ва мақолаҳои илмие, ки зери дасти ӯ мегузашт, ба ӯ майли илмомӯзӣ бедор кард ва дар натиҷа ба хониши китоб оғоз намуд.
Пас аз чанд муддат Майкл шогирди олими барҷастаи ҳамзамонаш Ҳамфри Дейви гардид. Майкл ба Дейви дар сафарҳои Аврупо ҳамроҳ буд. Манфиати таълимии ин сафарҳо хеле бузург буд. Фарадей дар сафар Амперро вохӯрд, ки яке аз бузургтарин олимони соҳаи қувваи барқ ба ҳисоб рафта, аллакай дар таърихи қувваи барқ номи худро сабт намуда буд. Имрӯз қувваи барқе, ки мо ҳосил мекунем, тавассути мошинҳои калон дорои магнит мебошад, аммо дар вақташ ҳеч кас тарзи ҳосили онро намедонист. Бинобар ин, вақте ки олими англис дар натиҷаи ба таҳрик овардани магнит қувваи барқро ҳосил намуд ва ба мақсади хеш бирасид, аз хурсандӣ дар рӯи миз рақс намуд. Ин буд нахустин таҷрибаи ҳосили қувваи барқ дар таърихи инсоният. Аммо Фарадей бо ин иктифо накард. Андешаҳои илмии Фарадей гуногунҷабҳа буд. Ӯ хелҳои нави шиша ва пӯлодро ихтироъ намуд. Фарадей 2 ҳазор навъи таҷрибаҳои вазнинро гузаронид ва дар натиҷа аз рӯи фанҳои кимиё ва физика кашфиёти зиёдро анҷом дод. Ӯ мошини аҷибе ихтироъ намуд, ки баъдан асоси тамоми мошинҳое, ки имрӯз қувваи барқ ҳосил мекунад, гардид. Ин навъи мошин равшанӣ дода, хонаҳоро гарм мекунад, инчунин радиоқабулкунакҳоро ба кор меорад. Майкл Фарадей ихтироъкори муҳаррики электрикӣ буда, намуди заминро тағйир дода, моро ба асри қувваи барқ ворид намуд.

Leave A Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.