my-hobby

MY HOBBY – МАШҒУЛИЯТИ ДӮСТДОШТАИ МАН

MY HOBBY

Tastes differ. Different people like different things, different people have different hobbies. I go in for sports, I like to play tennis. I go to play tennis every day.
Sport is very important part of our life. Many people go in for sports, they jogging, walking, swimming, skating, skiing, train themselves in clubs and different sections.
Physical training is an important subject at scool. Pupils play volleyball, football, basketball. I have been playing tennis for 5 years. Tennis became very popular now. I take part in different competitions.
To be in a good shape I’m jogging every morning and do my morning exercises. Everyone should do all he can to stay healthy and choose the sport he is interested in. I do not understand people who say that they like sport, but they only watch sport on TV.
If one goes in for sports he feels much better, looks much better, sleeps much better. Your physical appearance will change too. You will be slimmer and trimmer. And what is even more important you will not get sick often.
Why do I go in for sports? Because I think that it is very important for a man to be strong and well-built. Sport is not for weak, because, you have to learn how to lose, and it’s not easy. My favourite proverb says: “A sound mind in sound body“.

  1. What is your hobby?
  2. What sports do you go in for?
  3. Do you like summer (winter) sports?
  4. What does it mean to be healthy?
  5. Why did you chose tennis?
  6. Who is your favourite tennis-player?

to jog – давидан
to skating – яхмолакпарӣ кардан, яхмолакбозӣ кардан
to skiing – чанаронӣ кардан
competition – мусобиқа
shape – шакл
health – саломатӣ
slim – хушқадду қомат, хушандом
trim – дар ҳолати хуб
weak – заиф
to lose – мағлуб шудан, аз даст додан, гум кардан

МАШҒУЛИЯТИ ДӮСТДОШТАИ МАН

Завқҳо мухталифанд. Ба мардум корҳои гуногун писанд аст, аз ин рӯ, ашхоси мухталиф машғулиятҳои дӯстдоштаи мухталиф доранд. Ман бо варзиш машғул мешавам. Ба ман бозии теннис маъқул аст. Ман ҳар рӯз теннисбозӣ мекунам.
Варзиш қисмати муҳими ҳаёти мо ба шумор меравад. Варзиш мардумро ба худ ҷалб мекунад, яъне онҳо медаванд, ба пиёдагардӣ машғул мешаванд, оббозӣ менамоянд, дар навъҳои гуногуни варзиш ва бахшҳои он машқ мекунанд. Тарбияи ҷисмонӣ дар мактаб фанни муҳим мебошад. Хонандагон ба бозиҳои волейбол, футбол ва  баскетбол машғул мешаванд. Ман аллакай панҷ сол аст, ки ба бозии теннис машғул ҳастам. Теннис ҳоло хеле маъмул аст. Дар бисёр мусобиқаҳо ширкат меварзам.
Барои он ки шакли хуби зоҳириро нигоҳ дорам, ҳар субҳ давида, машқи пагоҳиро иҷро менамоям. Ҳар як инсон бояд аз тамоми имкониятҳо истифода барад, то ки солим бошад. Ӯ бояд навъи варзишеро, ки дӯст медорад, интихоб намояд. Ман он ашхосеро намефаҳмам, ки чаро варзиш ба онҳо мақбул нест ва ҳол он ки онҳо бештар ба тамошои оинаи нилгун машғул ҳастанд.
Агар ба варзиш машғул шавед, он гаҳ худро беҳтар ҳис намуда, зебо мешавед ва хуб хоб мекунед. Ҷисми Шумо ҳам тағйир меёбад, инчунин қавӣ ва солим мегардед. Аз ҳама муҳимаш камтар бемор мешавед. Барои чӣ ман бо варзиш машғул ҳастам? Барои он машғулмешавам, ки ба фикрам мард бояд қавӣ ва солим бошад. Варзиш барои ашхоси заиф нест, барои он ки усули бохтанро меомӯзед. Аммо ин на ҳама вақт осон аст. Дар ин маврид зарбулмасали дӯстдоштаи ман чунин аст: «Тани солим – рӯҳи солим».

Leave A Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *