New-Zealand

NEW ZEALAND – ЗЕЛЯНДИЯИ НАВ

NEW ZEALAND

New Zealand is an island country in the Southwest Pacific Ocean. It lies about 1 600 km southeast of Australia and about 10 500 km southwest of California. New Zealand belongs to a large island group called Polynesia. The country is situated on two main islands – the North Island and the South Island – and several dozen smaller islands. Most of the smaller islands are hundreds of kilometers from the main ones.
Wellington is the capital of New Zealand and Auckland is the largest city. English is the official language of New Zealand and is spoken throughout the country. Many native people speak their own language, Maori, in addition to English.
The country once belonged to the British empire. Today it is an independent member of the Commonwealth of Nations, an association of Britain and a number of its former colonies.
New Zealand is a constitutional monarchy. The British Monarch, Queen Elizabeth II of the United Kingdom, is the monarch of New Zealand. She appoints a governor general to represent her, but the governor general has little power. The legislation, prime minister, and Cabinet run the national government.
Britain gave New Zealand a constitution in 1852, when it was a British colony. But through the years the New Zealand legislature has changed almost all its provisions. Today, the nation has no written constitution.
The first people who settled in New Zealand were a brownskinned people called Maoris. They came from Polynesian islands located northeast of New Zealand. The country was discovered by Europeans in 1642, but they did not start to settle in the islands until the late 1700’s. Today, most New Zealanders are descendants of the early European settlers. Maoris make up about 12% of the country’s population.
New Zealand has one of the highest standard of living in the world. For many years, the economy of the country depended largely on agriculture. Today agriculture, manu- facturing, and service industries are all important to the economy. New Zealands economy depends on trade with many countries – Australia, Britain, Japan and the United States.

  1. Where is New Zealand situated?
  2. What city is the capital of New Zealand?
  3. What languages do people in New Zealand speak?
  4. What is the official language in New Zealand?
  5. Who is New Zealand’s head of state?
  6. Who runs the national government?
  7. Who were the first people to live in New Zealand?
  8. What are the main industries of the country?

to lie – ҷойгир шудан, воқеъ будан
is situated – ҷойгир аст, воқеъ аст
the North Island – Ҷазираи шимолӣ
the South Island – Ҷазираи ҷанубӣ
dozen – дувоздаҳ дона, дувоздаҳ адад
capital – пойтахт
official language – забони давлатӣ
Maori – забони маорӣ
the Commonwealth of Nations – Созмони милал, Иттифоқи халқҳо
the United Kingdom – Шоҳигарии муттаҳида
to appoint – таин кардан, муайян кардан, муқаррар кардан
governor general – генерал-губернатор
to represent – намоиш додан, муаррифӣ намудан
legislation – қонунгузор
prime minister – сарвазир
Cabinet – кабинет
government – ҳукумат
provision – ҳолат, вазъият
brown-skinned – сиёҳпӯст, қаҳваранг
to settle – сокин шудан, муҳоҷир шудан
New Zealander – новозеляндӣ, шаҳрванди Зелядияи нав
descendant – насл, зурёт, авлод, фарзанд
settler – сокин, муқим, муҳоҷир
to make up – иборат будан, таркиб ёфтан
population – аҳолӣ
standard of living – сатҳи зиндагӣ
agriculture – хоҷагии қишлоқ
manufacturing industry – саноати маснуотбарор
service industry – соҳаи саноат
trade – тиҷорат

ЗЕЛЯНДИЯИ НАВ

Зеляндияи нав – мамлакати ҷазиравӣ буда, дар ҷанубу ғарбии уқёнуси Ором ҷойгир аст. Он 1600 км ба самти шимолу шарқии Австралия ва тақрибан 10 500 км ба самти ҷанубу ғарбии Калифорния тӯл кашидааст. Зеляндияи нав аз гурӯҳи ҷазираҳои калон иборат буда, он Полинезия ном дорад. Мамлакат дар ду ҷазираи асосӣ, яъне шимолӣ ва ҷанубӣ ва якчанд галаҷазираҳои хурд ҷойгир аст. Аксари ҷазираҳои хурд аз ҷазираи асосӣ садҳо км дур ҷойгир аст.
Пойтахти Зеляндияи нав Велингтон буда, Окленд шаҳри калонтарини мамлакат мебошад. Забони давлатии Зеляндияи нав – забони англисӣ буда, дар тамоми мамлакат бо он ҳарф мезананд. Сокинони муқимӣ ба ҷуз забони англисӣ, бо забони маҳаллӣ, яъне маорӣ низ ҳарф мезананд.
Замоне Зеляндияи нав ба империяи бритонӣ дохил мешуд. Имрӯз, он аъзои мустақили Созмони милал, иттиҳодияи Бритониё ва якчанд мустамликаҳои собиқи он мебошад.
Зеляндияи нав монархияи конститутсионӣ мебошад.  Маликаи Бритониёи кабир Елизабетаи II сарвари Зеляндияи нав мебошад. Ӯ генерал-губернаторро таин мекунад, аммо генерал-губернатор дорои ҳокимияти мутлақ нест. Мақомоти қонунгузор, сарвазир ва кабинет мамлакатро идора мекунанд.
Бритониё дар таърихи 1852 ба Зеляндияи нав сарқонун пешниҳод намуд, ки дар он замон Зеляндияи нав мустамликаи Бритониё ба ҳисоб мерафт. Лекин солҳои охир мақомоти қонунгузори Зеляндияи нав тавонист вазъияти онро комилан тағйир диҳад. Имрӯз, мамлакати номбурда сарқонуни алоҳидаи худро дорад.
Аҳолие, ки бори нахуст дар Зеляндияи нав ҳиҷрат намуданд, сиёҳпӯстон буданд, ки қабилаи маорӣ ном доштанд. Онҳо аз ҷазираҳои Полинезия омаданд, ки он дар шимолу шарқии Зеляндияи нав ҷойгир аст. Мамлакатро дар соли 1642 аврупоиҳо фатҳ намуданд, лекин то охири қарни XVIII ба Зеляндияи нав сокин набуданд. Ҳоло ағлаби аҳолии мамлакатро муҳоҷирони аврупоӣ ташкил медиҳанд. Маорӣ тахминан 12 % (фисад)-и аҳолии мамлакатро ташкил медиҳад.
Дар Зеляндияи нав сатҳи зиндагӣ яке аз волотарин дар олам ба шумор меравад. Солҳои тӯлонӣ иқтисодиёти мамлакат бештар аз хоҷагии қишлоқ вобаста буд. Ҳоло бошад, ҳам хоҷагии қишлоқ, ҳам саноати маснуотбарор, инчунин соҳаи саноат барои иқтисодиёти мамлакат зарур аст.  Иқтисодиёти Зеляндияи нав вобаста ба ҳамкории тиҷоратӣ бо Австралия, Бритониёи кабир, Ҷопон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  аст.

Leave A Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.