OHenry

O’HENRY – О. ҲЕНРӢ

O’HENRY

O’Henry was born in Greensboro, a little town in North Carolina in 1862. His real name was William Sydney Porter The works of this writer reflect a specific period in American literature – the turn of the century. His credo was – art should be true, democratic and it should address contemporary life and embrace all aspects of life.
O’Henry was an outstanding humourist. He worked out and enriched all the types of the short story: the anecdote, the adventure story, tales and sketches. The best of his works were published in books: “Cabbages and Kings“, “The Four Million“, “Heart of the West“, “The Voice of the City” and others. He was ost famous for his stories of city Me. O’Henry wrote nearly 150 stories with a New York background. His works have considerable influence on American literature. His love for humanity, for the common people, his critical attitude towards injustice attract readers to this day. O’Henry could work out a plot that would keep the reader in suspense up to the surprising end.
He was a born writer of great talent. The conversation is witty, humorous and often exact and precise. O’Henry is one of the most widely published American authors. His works have been translated into nearly every language. He has been called “The American Maupassant” and is ranked among the world’s outstanding short-story writers.

  1. When was O’Henry born?
  2. What was his real name?
  3. What was O’Henry’s credo?
  4. Was O’Henry a born writer of a great talent?
  5. Name the best of his published books.

contemporary – муосир, замонавӣ
sketch – очерк, ҳикоят, ёддошт
witty – зариф, ҳозирҷавоб, зирак, доно
precise – аниқ, саҳеҳ, дуруст, дақиқ
to be ranked – иборат будан, таркиб ёфтан
injustice – беинсофӣ, беадолатӣ, рафтори ноҳақ
suspense – интизорӣ, натиҷа, чашмдошт

О. ҲЕНРӢ

О. Ҳенрӣ дар шаҳраки Гринсборо воқеъ дар Каролинаи шимолӣ санаи 1862 ба дунё омадааст. Номи ҳақиқии ӯ Вилям Сидни Портер аст. Осори муаллифи номбурда инъикосгари давраи муайяни адабиёти амрикоӣ буда, ба қарни дигар гузариш дорад. Ғояи ӯ чунин буд: санъат бояд ҳақиқӣ ва озод бошад, ҷамъияти муосирро инъикос кунад, низ шомили тамоми омилҳои ҳаёт бошад.
О. Ҳенрӣ ҳаҷвнигори барҷаста ба ҳисоб меравад. Ӯ ҳамаи навъҳои жанри ҳикояро такмил ва инкишоф дод. Масалан, латифа, ҳикояи саёҳӣ, афсона, очерк ва ғайра. Эҷодиёти назарраси ӯ дар кутуби «Шоҳ ва карам», «Чаҳорумин миллион», «Маркази ғарб», «Садои шаҳр» ва амсоли ин ворид шудааст. Шӯҳрати хосаи ҳикоёти ӯ дар натиҷаи нақли ҳаёти мардуми шаҳр ҳосил шудааст. О. Ҳенрӣ тахминан 150 қиссаи таърихӣ навиштааст, ки ағлаби он дар шаҳри Ню-Ёрк рӯй додааст. Осори ӯ ба адабиёти амрикоӣ таъсири назаррас гузоштааст. Муҳаббати ӯ нисбати мардуми оддӣ ва муносибати сарди ӯ нисбат ба ноадолатӣ, хонандагонро то ҳол ҷалб мекунад.   О. Ҳенрӣ тавонист, ки сюжете офарад ва он хонандаро то ба хотимаи ногаҳонӣ нигоҳ дорад.
Ӯ нависандаи аслӣ ва соҳиби истеъдоди олӣ аст. Сухан дар ҳикояҳои ӯ оддӣ, зариф, ҳазломез, дақиқ ва возеҳ аст. О. Ҳенрӣ яке аз муаллифони шинохтаи амрикоӣ ба шумор меравад. Таълифоти ӯ қариб ба тамоми забонҳои дунё тарҷума шудааст. Мардум, ӯро «Мопассанти амрикоӣ» мегӯянд ва ӯ яке аз муаллифони ҳикояҳои мухтасари маъруфи олам ба ҳисоб меравад.

Leave A Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.