shakespeares-birthplace

SHAKESPEARE’S BIRTHPLACE – ЗОДГОҲИ ШЕКСПИР

SHAKESPEARE’S BIRTHPLACE

Stratford-on-Avon, where Shakespeare was born, is now one of the most popular tourist centre’s. But it was not so many years ago. In the 18th century only a few relics of Shakespeare were left – his tomb, New Place (a large house which was built in place of Shakespeare’s own house), the mulberry tree that he had planted, and his birthplace.

People from London and other places came to see these relics. Most of them came to New Place where they wanted to see the famous mulberry tree in the garden. The owner of New Place- wasn’t much interested in Shakespeare. He didn’t like the fact that so many visitors came to his house asking to see the mulberry tree. So in 1756 he cut down the tree and his life became quiet. But it didn’t last long. The people who came to Stratfordon-Avon to see Shakespeare’s tree at first were surprised, then they got so angry that the owner of New Place had to leave Stratford. After Stratford lost one of the most famous relics of Shakespeare, the city fathers decided to do something to attract people there. They asked the greatest actor of the time David Garrick to organize a festival in Stratford.

Garrick planned to do it in the first week of September, 1769. He wanted the festival to be the greatest outdoor festival staged in England.

At six o’clock in the morning of Wednesday September 6 the festival was opened. Many people came to Stratford. The first day was successful, and Garrick was happy. On the second day it rained hard. The second-day evening ended as it began – in the rain.

On the third day all the people left Stratford, Garrick returned to London very sad. But his festival was the beginning of a tradition. Stratford is now famous for its Shakespeare festivals. Every year a lot of people come to Stratford for the Festival season which lasts from April to September.

  1. What relics of Shakespeare were left in the 18th century?
  2. Why did people come to Stratford-on-Avon?
  3. What did the owner of New Place do in 1756?
  4. Why did the people get angry with the owner of New Place?
  5. Why did the city fathers decide to do something to attract people?
  1. Who organized the festival in Stratford?
  2. Why did Garrick return to London very sad?

relic – ашёи қадима

tomb – гӯр, кабр, лаҳад, санги сари қабр

mulberry tree – дарахти тут

city fathers – ашхоси мӯътабари шаҳр

ЗОДГОҲИ ШЕКСПИР

Стратфорд бар Эйвон – зодгоҳи Шекспир буда, яке аз марказҳои оммавии саёҳӣ ба ҳисоб меравад. Аммо якчанд сол қабл шаҳри мазкур соҳиби чунин обрӯ набуд. Дар қарни XVIII ҳамагӣ чанд ҷойҳои ёдгорӣ зери номи Шекспир боқӣ мондааст, аз ҷумла қабри ӯ, хонаи нав (хонаи боҳашамате, ки ба ҷои хонаи Шекспир бино шуд), дарахти туте, ки Шекспир шинонидааст ва зодгоҳи ӯ.

Мардум ба тамошои ин муқаддасот аз Лондон ва дигар ҷойҳо меомаданд. Ағлаби онҳо ба тамошои хонаи нав меомаданд, то ки дар ҳавлии он дарахти аҷибовари тутро бинанд. Аммо соҳиби хонаи нав ба Шекспир таваҷҷӯҳи андак дошт ва меҳмонони зиёде, ки ба хонаи ӯ меомаданд ва тамошои дарахти тутро иҷозат мепурсиданд, ӯро хуш намеомад. Бинобар ин, дар таърихи 1756 ӯ дарахтро бурид ва зиндагиаш ором гардид. Аммо ин оромӣ тӯл накашид. Нахуст, ашхосе, ки ба шаҳри Стратфорд бар Эйвон меомаданд, аз мушоҳидаи дарахти тут хушҳол мегардиданд. Аммо баъдан пас аз ҳодисаи дарахти тут чунон хашмгин шуданд, ки соҳиби хонаи нав иҷборан Стратфордро тарк кард. Пас аз ҳодисае, ки мардуми Стратфорд яке аз муқаддасоти Шекспирро аз даст дод, ашхоси мӯътабари шаҳр кӯшиданд, то ки барои ҷалби меҳмонон ғояе ба миён оранд. Онҳо актёри бузургтарини замона, Давид Ҳаррикро хоҳиш карданд, то ки дар Стратфорд фестивале баргузор кунад.

Ҳаррик гузаронидани фестивали нахустро дар моҳи сентябри соли 1769 ба нақша гирифт. Ӯ мехост, ки фестивали мазкур дар ҳавои кушоди Англия калонтарин бошад.

Фестивал рӯзи чоршанбе санаи 6-уми сентябр дар соати 6:00 пагоҳӣ кушода шуд. Дар Стратфорд мардуми бешуморе омаданд. Рӯзи аввали фестивал бомуваффақият гузашт ва Ҳаррик хушбахт буд. Аммо рӯзи дувум борони сел борид. Шаби аввали рӯзи дувум низ бо борони сел хотима ёфт.

Рӯзи сеюм мардум ҳама Стратфордро тарк намуданд ва Ҳаррик ба Лондон андӯҳгин баргашт. Аммо фестивали ӯ ба ҳукми анъана даромад. Имрӯз Стратфорд бо шарофати фестивали Шекспир шинохта шудааст. Ҳар сол дар Стратфорд ашхоси бешумор ба тамошои фестивал меоянд, ки он аз моҳи апрел то сентябр тӯл мекашад

Leave A Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *