123

Мусиқии тоҷикӣ. Tajik – English Topics

Мусиқии тоҷикӣ – миллӣ ва ҷозибанок аст. Халқи тоҷик бо сурудхонӣ ва дар маросимҳои мухталиф бо навохтани асбобҳои гуногуни мусиқӣ худро хушҳол мекунанд. Жанрҳои гуногуни мусиқӣ дар Тоҷикистон маъмул буда, аз ҷумла халқӣ, ғарибӣ, идона ва бадахшонӣ дида мешавад. Мусиқии тоҷикӣ санъати сермиллат буда, дар ҳар минтақаи мамлакат навъи алоҳидаи мусиқӣ инкишоф ёфтааст.

Мамлакати зебои Тоҷикистон дорои навъҳои мухталифи мусиқӣ буда, аз рӯи табиат ягона ва ҷозибанок аст. Жанри мусиқии тоҷикӣ бо навъҳои мусиқии Осиёи Миёна шабоҳат дорад. Мардуми тоҷик жанри мусиқии шашмақомро инкишоф дода, ба ҳайси мусиқии классикии хеш даровардаанд. Инчунин, навъи дигари вижаи мусиқиро метавон мушоҳида кард, ки фалак ном дорад ва он дар минтақаи ҷанубии Тоҷикистон маъмул аст. Халқи тоҷик навъи мазкури мусиқиро дар маросимҳои арӯсӣ ва қабули меҳмонон иҷро мекунанд.

Мусиқии халқӣ хеле ҷозибанок буда, мардуми тоҷик бештар онро иҷро мекунанд. Ин навъи мусиқии миллӣ ё халқӣ се шакл дорад ва дар Помир ё вилояти Бадахшони кӯҳӣ, Кӯҳистони марказӣ ё Ҳисор, Кӯлоб, Ғарм ва музофоти шимолӣ маъмул аст.

Шакли мазкури мусиқии миллӣ, ки дар қисмати шимолии Тоҷикистон оммавӣ аст, ба мусиқии манотиқи ҳамҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, яъне ба вилоятҳои Қашқадарёву Сурхондарё муассир аст. Гурӯҳи таронаҳои хушоҳанг ва ишқӣ, аз ҷумла сурудҳои корӣ, маросимӣ, маросими дафн, тӯи арӯсӣ ва эпикӣ дар асоси навъи мусиқии халқӣ офарида шудааст.

Навъи мусиқии ғарибӣ ба навъи мусиқии ором шабоҳат дорад. Илова бар ин, онро суруди дарвеш мегӯянд. Шакли мазкури мусиқӣ дар қарни ХХ аз сӯи деҳқонон ва коргароне, ки иҷборан дар саҳро кор мекарданд, инкишоф ёфтааст.

Мардуми Тоҷикистон мусиқии идонаи хоса доранд, ки дар маросими Гулгардонӣ иҷро мекунанд. Фестивали мазкури баҳорӣ дар тамоми ҷумҳурӣ бо таваҷҷӯҳи хоса ва тантанавор ҷашн гирифта мешавад. Инчунин, фестивали мазкурро бойчечак мегӯянд ва бо асбобҳои мусиқӣ, хоса бо дутору доира иҷро мекунанд.

Сайри гули лола фестивали муҳим ба шумор рафта, онро дар Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Онро иди Лолаҳо мегӯянд ва бо нақарот ва рақсу бозӣ ҷашн мегиранд. Таронае, ки ҳангоми ҷашн иҷро мешавад, Нақши калон ном дорад.

Tajik Music

Tajik music is traditional and captivating. The people of Tajikistan enjoy and entertain themselves singing and playing with a wide variety of instruments on different occasions. Different genres of music which are prevalent in Tajikistan include Tajik folk music, Garibi, Holiday music and Badakhshan music. Music of Tajikistan is ethnically diverse and different parts of the country feature different kinds of music.

The beautiful country of Tajikistan offers a wide variety of music which is unique in nature and quite enthralling. The Tajik genre of music has close relation with the Central Asian forms. The people of Tajikistan developed the shashmaqam genre of music and adopted as their own classical music. You will find a distinctive type of folk music called falak in the southern region of Tajikistan. The people of Tajikistan play this music at various marriage occasions and receptions.

The Tajik folk music is very captivating and the people of Tajikistan are rather devoted to it. This traditional or folk music is divided into 3 forms and represented by areas like Pamir or Mountain Badakhshan Province, Central Kuhistoni or Gissar, Kulob, Garm provinces and the northern province.

The form of this traditional music which is prevalent in the northern part of Tajikistan had heavily influenced to the music of the adjacent regions of Uzbekistan which include Kashkadarya Province and Surkhandarya Province. Several musical and lyrical songs including work songs, ceremonial, funeral, wedding and musical epics are based on this folk music of the country.

Garibi form of music is like a dirge. It is also called the song of the stranger. The form of music was innovated in the 20th century by the poor farm workers and laborers who were forced to leave their land.

The people of Tajikistan possess their distinct holiday music which they love to play on the occasion of Gulgardoni. This spring festival is widely celebrated in the country with much enthusiasm and merrymaking. The festival is also called Boychechak and the instruments which accompany this form of music include dutar and doira.

Sayri Guli Lola is another important festival which is celebrated in the country. This holiday of tulips is marked by choral and dance music. The particular song which is played on this occasion is called Naqshi Kalon.

toefl.su

 

 

  1. What genres are mostly popular in Tajikistan?
  2. Does the Tajik music have close relation with Central Asian musics?
  3. What can you say about the music of nothern part of Tajikistan?
  4. What can you say about the occasion of Gulgardoni?
  5. What is Sayri Guli Lola?

toefl.su

 

 

traditionalмиллӣ, анъанавӣ
captivatingҷозибанок, дилкаш, дилангез, зебо, хушнаво
to enjoyҳаловат бурдан, писанд дидан, маъқул донистан
to entertainхушҳол шудан, истироҳат кардан
to singсуруд хондан, тарона хондан
to playнавохтан
varietyмухталиф, гуногун
instrumentасбоби мусиқӣ
occasionмаросим, рӯйдод, ҳодиса
genres of musicжанрҳои мусиқӣ
folkхалқӣ
to be diverseфарқ кардан, тафовут доштан, ҷудо будан
kinds of musicнавъҳои мусиқӣ
to offerпешниҳод кардан, таҳия кардан
uniqueягона, ҳақиқӣ, аслӣ
enthrallingҷозибанок, ҷаззоб, дилрабо, дилкаш, дилангез
 close relation пайванди хешу таборӣ, муносибати наздик
 the shashmaqam genre жанри шашмақом
 to adopt мутобиқат кардан
 distinctive type навъи алоҳида
 falak фалак
 southern region of Tajikistan минтақаи ҷанубии Тоҷикистон
 marriage occasions маросими никоҳ ё арӯсӣ
 receptions қабули меҳмонон
 to devote to бахшидан, писанд дидан
 heavily influenced to ба чизе таъсири ҷиддӣ доштан, муассир будан
 adjacent regions of Uzbekistan манотиқи ҳамҳудуди Ӯзбекистон
 Kashkadarya Province вилояти Қашқадарё
 Surkhandarya Province вилояти Сурхондарё
 lyrical songs тарона ё сурудҳои ишқӣ
 ceremonial маросимӣ
 funeral маросими дафн
 wedding тӯи арӯсӣ
 musical epics мусиқии эпикӣ
 dirge ором
 stranger дарвеш, ношинос
 to be innovated инкишоф ёфтан, замонавӣ гаштан, ташаккул ёфтан, тараққӣ кардан
 laborers меҳнаткашон, коргарон
 to be forced маҷбур кардан
 to possess доштан, соҳиб будан, дорои чизе будан
 distinct хоса, вижа, махсус
 festival фестивал
 to celebrate ҷашн гирифтан
 enthusiasm бо таваҷҷӯҳи хоса, бо эҳсоси баланд
 merrymaking тантанавор
to accompany иҷро кардан, пеш гирифтан, пайгирӣ кардан
to includeшомил будан, дарбар гирифтан, иборат будан
dutarдутор
doiraдоира
tulipгули лола
choralнақарот
particularхоса, вижа, махсус

Leave A Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *