The-British-school-system

THE BRITISH EDUCATION SYSTEM. STATE EDUCATION IN BRITAIN

THE BRITISH EDUCATION SYSTEM. STATE EDUCATION IN BRITAIN

All state schools in Britain are free, and schools provide their pupils with books and equipment for their studies.
Nine million children attend 35.000 schools in Britain. Education is compulsory from 5 till 16 years. Parents can choose to send their children to a nursery school or a preschool playgroup to prepare them for the start of compulsory education. Children start primary school at 5 and continue until they are 11. Most children are taught together, boys and girls in the same class. At 11 most pupils go to secondary schools called comprehensives which accept a wide range of children from all backgrounds and religious and ethnic groups. Ninety per cent of secondary schools in England, Scotland and Wales are co-educational.
At 16 pupils take a national exam called “G.C.S.E.” (General Certificate of Secondary Education) and then they can leave school if they wish. This is the end of compulsory education.
Some 16-year-olds continue their studies in the sixth form at school or at a sixth form college. The sixth form prepares pupils for a national exam called “A” level (advanced level) at 18. You need “A” level to enter a university. Other 16-yearolds choose to go to a college of further education to study for more practical (vocational) diplomas relating to the world of work, such as hairdressing, typing or mechanics.
Universities and colleges of higher education accept students with “A” levels from 18. Students study for a degree which takes on average three years of full-time study. Most students graduate at 21 or 22 and are given their degree at a special graduation ceremony.

  1. What do state schools in Britain provide their pupils with?
  2. What can parents choose?
  3. When do children start primary school?
  4. When do pupils take a national exam called GCSE?
  5. What prepares pupils for a national exam called “A” level?
  6. How long do students study for a degree?
  7. Whom do universities and colleges of higher education accept?

compulsory – ҳатмӣ, лозима
primary – ибтидоӣ
comprehensive – маълумоти умумӣ, ҳамагонӣ
co-educational schools – мактабҳои таълимоти якҷояи писарону духтарон
to graduate – хатм кардан
to accept – қабул кардан

СИСТЕМАИ МАОРИФИ БРИТОНИЁИ КАБИР. ДАР БРИТОНИЁИ КАБИР СОҲИБИ МАЪЛУМОТ ГАРДИДАН

Дар тамоми мактабҳои давлатии Бритониёи кабир таҳсил ройгин аст. Мактаб хонандагонро бо кутуб ва таҷҳизоти таълимӣ таъмин мекунад.
Нӯҳ миллион толибилмон тахминан дар 35 ҳазор мактабҳои Бритониё таҳсил мекунанд. Таҳсил аз синни 5-солагӣ то 16-солагӣ ба таври ҳатмӣ мебошад. Волидайн метавонанд фарзандонро дар муассисаҳои томактабӣ ё худ дар гурӯҳҳои таълимӣ супоранд, то ки барои гирифтани маълумоти ҳамагонӣ омода бошанд. Кӯдакон аз синни 5-солагӣ то 11-солагӣ дар мактаб таҳсил мекунанд. Ағлаби кӯдакон якҷоя таҳсил мекунанд, яъне писарону духтаронро дар як синф таълим медиҳанд. Дар синни 11-солагӣ бештари толибилмон ба мактаби миёна меоянд, то ки он ҷо маълумоти ҳамагонӣ гиранд ва кӯдакони табақаҳои мухталифи иҷтимоӣ, гурӯҳҳои диниву этиникӣ барои гирифтани маълумот ширкат меварзанд. Дар 90 % (фисад)-и мактабҳои Англия, Шотландия ва Уелс таълими муштарак ба кор монда шудааст.
Дар синни 16-солагӣ толибилмон  барои гирифтани шаҳодатномаи маълумоти миёна имтиҳон месупоранд. Пас аз супоридани имтиҳон онҳо метавонанд аз рӯи хоҳиш мактабро тарк кунанд. Дар ин маврид маълумоти ҳатмӣ ба охир мерасад.
Бархе аз ҷавонони 16-сола таҳсилро дар синфи 6-уми мактаб ё коллеҷи 6-сола идома медиҳанд. Талабагонро дар синфи 6-ум барои супоридани имтиҳони давлатии «дараҷаи А» – «дараҷаи пешрафта» омода мекунанд.  Имтиҳони мазкурро дар синни 18-солагӣ месупоранд, зеро супоридани он барои ба донишгоҳ дохил шудан, зарур аст. Боқимонда, толибилмони 16-сола барои идомаи таҳсил ва гирифтани дипломи касбӣ-ҳунарӣ, ки имкони ба ҳайси сартарош, мошинист, механик кор карданро медиҳад, сафарбар мешаванд.
Донишгоҳ ва коллеҷҳои олӣ донишҷӯёнро аз синни 18-солагӣ, пас аз супоридани имтиҳони дараҷаи пешрафта барои таҳсил қабул мекунад. Донишҷӯён барои гирифтани дараҷаи илмӣ таҳсил мекунанд. Таҳсил ба ҳисоби миёна 3 сол дар муассисаҳои давлатӣ давом мекунад. Ағлаби донишҷӯён донишгоҳро дар синни 21 ё 22- солагӣ хатм мекунанд. Ба онҳо дараҷаи бакалавр дар маросими тантанавори хутмкунандагон супорида мешавад.

Leave A Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.