brief-history-of-canada

THE HISTORY OF CANADA – ТАЪРИХИ КАНАДА

THE HISTORY OF CANADA

Canada’s history is an exciting story of development of a vast wilderness into a great nation. Most experts believe that the first people who lived on this land came from Asia about 15000 years ago. They came over a land bridge that once connected Asia and North America. Their descendants are known today as Indians. The ancestors of the Eskimos came to Alaska after them probably about 5000 years ago.
In 1497, John Cabot, an italian navigator in the service of England, found rich fishing grounds off Canada’s southeast coast. His discovery led to the European exploration of Canada. France set up a colony in eastern Canada in the early 1600’s. Great Britain gained control of the country in 1763, and thousands of British emigrants came to Canada. In 1867, the French and English-speaking Canadians helped to create a united colony called the Dominion of Canada. Two groups worked together to settle the country and to develop its great mineral deposits and other natural resources.
Canada gained its independence from Britain in 1931. During the middle of 20th century hard-working Canadians turned their country into an economic giant. Today Canada is a leading producer of wheat, oats, and barley. Canada also ranks among the world’s top manufacturing countries, and it is a major producer of electric power.
Throughout its history, Canada has often been troubled by lack of unity among its people. French Canadians, most of whom live in the province of Quebec, have struggled to preserve their own culture. They have long been angered by Canadian policies based on British traditions. Many of them support a movement to make Quebec a separate nation. People in Canada’s nine other provinces also frequently favour local needs over national interests.

  1. Who were the first people to live in Canada?
  2. How did they come to Canada?
  3. What countries took part in exploration of Canada?
  4. When did Canada gain it’s independence?
  5. Is Canada a developed country now?
  6. What problems does Canada face today?

vast – фарох, васеъ, паҳн, кушод
wilderness – биёбон, саҳро, бодия, чӯл
land bridge – гардана, барзах
descendant – насл, авлод, фарзанд
Indians – ҳиндуён
ancestor – гузаштагон, аҷдод, нажод, ниёгон
Escimos – эскимосҳо
navigator – баҳрпаймо, баҳрнавард
fishing grounds – ҷойҳои сермоҳӣ
exploration – таҳқиқ, тадқиқ, омӯзиш
to set up – таъсис додан, асос гузоштан
Dominion of Canada – доминиони Канада (номи давлатҳои худидора, мустамликаҳои собиқ, ки дар ҳайати империяи Бритониё буданд)
to settle – сокин шудан, муҳоҷир шудан, ҳиҷрат кардан, кӯчидан
to develop – коркард намудан, такмил додан, тайёр кардан
mineral deposits – минералҳои зеризаминӣ
natural resources – захираҳои табиӣ
hard-working – боғайрат, серғайрат, бо ҷидду ҷаҳд, серкӯшиш, боҳавсала, мувозиб
to turn into -табдил додан
wheat – гандум
oats – ҷави русӣ, ҳуртумон
barley – ҷав
electric power – қувваи барқ
lack – норасоӣ
to struggle – саъю кӯшиш намудан, мубориза бурдан, ҷанг кардан
to preserve – нигоҳ доштан, муҳофизат кардан
to favour – афзал (беҳтар) донистан, авлотар шумурдан, тарҷеҳ додан

ТАЪРИХИ КАНАДА

Таърихи Канада хеле аҷибовар буда, яъне биёбони беканор ба мамлакати бузург табдил ёфтааст. Аксари коршиносон чунин ақида доранд, ки инсон бори нахуст ба ин сарзамин 15 ҳазор сол қабл аз Осиё омадааст. Онҳо тавассути гарданае, ки Осиёро бо Амрикои шимолӣ пайванд мекунад, ҳиҷрат намудаанд. Ҳоло насли онҳоро ҳинду мегӯянд. Гузаштагони эскимосҳо ба Аляска тақрибан 5 ҳазор сол қабл омадаанд.
Дар соли 1497 Ҷон Кебот – баҳрпаймои итолиёӣ барои адои супориши Англия ба Канада сафар намуда, дар ҷанубу ғарбии соҳили Канада ҷои сермоҳиро дарёфт. Кашфиёти ӯ барои аврупоиҳо ба кашфи Канада сабаб шуд. Дар ибтидои қарни XVII  Фаронса дар қисмати шарқии Канада мустамлика таъсис дод. Дар таърихи 1763 Бритониёи кабир роҳбариятро ба даст овард ва ҳазорҳо англисҳо ба Канада ҳиҷрат намуданд. Дар соли 1867 канадиёни англис ва фаронсавӣ барои бунёд намудани мустамликаи Доминиони Канада кӯмак намуданд. Ҳар ду гурӯҳ якҷоя кор мекарданд, то ки мамлакатро обод ва минаралҳои зеризаминӣ ва захираҳои дигари табииро коркард кунанд.
Канада аз Бритониё истиқлолиятро дар санаи 1931 ба даст овард. Дар давоми ним аср канадиёни муқимӣ онро ба давлати азими иқтисодӣ табдил доданд. Имрӯз, Канада истеҳсолкунандаи асосии гандум, ҷави русӣ ва ҷав мебошад. Илова бар ин, Канада дар байни мамлакатҳои пешсафи истеҳсуолкунандаи қувваи барқ соҳиби мақом аст.
Дар таърихи худ, Канада бештар ба мушкилии ваҳдат миёни аҳолӣ рӯ ба рӯ шудааст. Канадиёни фаронсавӣ, ки аксар дар музофоти Квикеб зиндагӣ мекунанд, тавонистанд фарҳанги хешро ҳифз кунанд.  Онҳо ҳанӯз аз давраҳои пешин аз сиёсати Канада, ки бар асоси анъанаҳои бритонӣ мебошад, норизо мебошанд. Ағлаби онҳо ҷунбише, ки мақсадаш барои Квибекро давлати алоҳида намудан аст, кӯшиш дорад ва пайгирӣ мекунанд.  Инчунин, аҳолии дигари 9 музофоти боқимондаи Канада зарурати маҳаллиро чун манфиати миллӣ меҳисобанд.

Leave A Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *