Transport-in-Britain

TRANSPORT IN BRITAIN – НАҚЛИЁТ ДАР БРИТОНИЁ

TRANSPORT IN BRITAIN

You can reach England either by plane, by train, by car or by ship. The fastest way is by plane. London has three international airports: Heathrow, the largest, connected to the city by underground; Gatwick, south of London, with a frequent train service; Luton, the smallest, used for charter flights.
If you go to England by train or by car you have to cross the Channel. There is a frequent service of steamers and ferryboats which connect the continent to the south-east of England. People in Britain drive on the left and generally overtake on the right. The speed limit is 30 miles per hour (50 km/h) in towns and cities and 70 m.p.h. (110 km/h) on motorways.
When you are in London you can choose from four different means of transport: bus, train, underground or taxi. The typical bus in London is a red double-decker. The first London bus started running between Paddington and the City in 1829. It carried 40 passengers and cost a shilling for six kms.
The next to arrive were the trains; now there are twelve railway stations in London. The world’s first underground line was opened between Baker St. and the City in 1863. Now there are ten underground lines and 273 underground stations in use. The London underground is also called the Tube, because of the circular shape of its deep tunnels.

  1. What is the fastest way of traveling?
  2. How many airports are there in London?
  3. What kind of service helps to cross the Channel?
  4. What are some “rules” of driving in Britain?
  5. What does typical bus in London look like?
  6. Where was the first underground opened?
  7. Why is London underground called the Tube?

to reach – расидан, рафта расидан
underground – метро, роҳи зеризаминӣ
charter flight – парвози  кироӣ
steamer – киштӣ, пароход, киштии буғгард
ferry-boat – киштии гузора
to overtake – пеш гузаштан
shilling – шиллинг (тангаи англисӣ)
shape – шакл, андоза, сохт

НАҚЛИЁТ ДАР БРИТОНИЁ

Шумо ба Англия метавонед бо ҳар роҳ сафар кунед, яъне бо тайёра, қатора, мошини сабукрав ё киштӣ.  Аз ҳама роҳи босуръат – тайёра аст. Дар Лондон 3 фурудгоҳи байналмиллалӣ амал мекунад, минҷумла Ҳитроу – калонтарин фурудгоҳ аст, ки бо метрополитени шаҳр пайванд аст; Гэтвик дар самти ҷануби Лондон ҷойгир шуда, бо қатораҳои худхизматии хусусӣ пайванд аст; Лютон – хурдтарин фурудгоҳ аст, ки барои сафарҳои кироӣ истифода мешавад.
Агар дар Англия бо қатора ё мониши сабукрав сафар карда бошед, бояд аз гулӯгоҳ гузашта бошед. Дар он ҷо сафарҳои хусусӣ бо киштӣ ва киштии гузора муқаррар шуда, минтақаро бо самти ҷанубу шарқии Англия пайваст мекунад. Дар Бритониё ҳаракат дар роҳ ба самти чап буда, бештар барои пеш гузаштан ба тарафи рост ҳаракат мекунанд. Суръати ҳаракат 50 км дар 1 соат дар дохили шаҳрҳои хурду калон ва 110 км\соат дар роҳҳои калони мошингард аст.
Вақте ки Шумо дар Лондон қарор доред, метавонед яке аз чаҳор навъи нақлиётро интихоб намоед: автобус, қатора, «роҳи оҳани зеризаминӣ» ё такси. Автобуси хосаи Лондон – омнибус  (фойтуни калон)-и дуошёна буда, рангаш сурх аст. Аввалин автобуси Лондон ҳанӯз соли 1829 дар хатти сайри Паддингтон ва Сити ҳаракат намуд. Дар он зиёда аз 40 мусофир савор мешуд ва нархи роҳкиро 1 шиллинг барои 6 км буд.
Баъдан, қатораҳо падид омад; ҳоло дар Лондон 12 истгоҳи роҳи оҳани асосӣ мавҷуд аст. Дар олам аввалин хатти метрополитен байни Бейкер-стрит ва Сити соли 1863 кушода шуд. Имрӯз 10 хатти метрополитен ва 273 истгоҳи роҳи оҳани зеризаминӣ ба истифода дода шудааст. Роҳи оҳани зеризаминии Лондон, инчунин соҳиби унвони «Қубур» аст, зеро нақбҳои амиқи он даврашакл аст.

Leave A Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *