William-Shakespeare

WILLIAM SHAKESPEARE – ВИЛЯМ ШЕКСПИР

WILLIAM SHAKESPEARE

William Shakespeare was born in April 1564. His father was a rich citizen whose business was making and selling leather gloves. His mother was the daughter of an important farmer. When he was nineteen, William married Anne. She was a farmer’s daughter and she was some years older than himself. During that years he may have helped his father in the family business or he may have been a country schoolmaster for a time, we don’t know exactly.
Shakespeare had three children: Susannah, the eldest, then twins – a son, Hamnet, and another girl, Judith. In 1587 Shakespeare went to work in London, leaving Anne and the children at home. Some years later Shakespeare began to write plays. The parents did not even guess that their son would be such an important figure in English poetry and drama and that his plays would still be acted four hundred years later in England and all over the world. By 1592 Shakespeare was an important member of well-known company. In 1599 the famous Globe Theatre was built on the south bank of the river Thames.
In that theatre most of his plays were performed. It was a round building with the stage in the center, open to the sky. If it was raining, the actors got wet; if the weather was too bad, there was no performance at all.
By 1603 Shakespeare was the leading poet and dramatist of his time. He continued to write for the next ten years. In 1613 he finally stopped writing and went to live in Stratford where he died in 1616. He is buried in StratfordonAvon.

  1. What was William’s father business?
  2. His mother was a farmer’s daughter, wasn’t she?
  3. How many children did Shakespeare have?
  4. When did he start to write?
  5. The Globe Theatre was built in 1599, wasn’t it?

citizen – шаҳрванд
gloves – дастпӯшак
to guess – тахмин кардан, фарз кардан
play – песа
stage – саҳна, намоиш

ВИЛЯМ ШЕКСПИР

Вилям Шекспир дар моҳи апрели соли 1564 ба дунё омадааст. Падараш шахси бой ва тиҷорати ӯ аз истеҳсол ва фурӯши дастпӯшаки пӯстӣ иборат буд. Модараш духтари фермери обрӯманд буд. Вилям бо Анна ном духтаре дар синни 19-солагӣ оила барпо намуд. Анна духтари фермер ва якчанд сол аз Вилям калонтар буд. Он ҳангом ӯ ба падар дар тиҷорат кӯмак мекард ё ба ҳайси омӯзгор дар деҳа фаолият мебурд, аммо дар ин бора маълумоти дақиқ наомадааст.
Шекспир соҳиби се фарзанд буд, аз ҷумла Сузана – духтари калонӣ, сипас дугоникон писару духтар – Гамнет ва Ҷудит. Дар соли 1587 Шекспир оилаашро гузошта, ба Лондон барои кор меояд. Пас аз чанд сол Шекспир навиштани песаро оғоз намуд. Ҳатто волидайни Шекспир тахмин намекарданд, ки фарзанди онҳо чеҳраи намоён ва муҳими назму друматургияи англис хоҳад шуд, илова бар ин песаҳои ӯро пас аз чорсад сол дар Англия ва гӯшаи канори олам ба намоиш хоҳанд гузошт. Дар соли 1592 Шекспир аъзои мӯътабари ширкати бонуфуз ба ҳисоб мерафт. Дар соли 1599 театри «Глобус» дар ҷануби соҳили дарёи Темза бино гардид.
Дар театри мазкур аксари песаҳои Шекспир ба саҳна гузошта шудааст. Он иморати даврашакли соҳиби девор ва дар марказ ҷойгир шуда, болояш кушода буд. Дар вақти бориши борон актёрон сар то сар тар мешуданд ва ҳангоми ҳавои нохуш намоиш қатъ мегардид. Дар соли 1603 Шекспир шоир ва драматурги маъруфтарини замони хеш пазируфта шуд. Ӯ даҳ соли дигар бо эҷод машғул шуд.
Сипас, дар таърихи 1613 аз таълифи осор боз истод ва ба шаҳраки Стратфорд баргашт, баъдан соли 1616 вафот кард. Ӯ дар Стратфорд бар Эйвон дафн шудааст.

Leave A Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *